Ду роҳ барои фармоиш вуҷуд дорад:

1. Шумо метавонед мустақилона дар сайти фурӯшанда интиқоли молро  ба суроғаи анбори хориҷии мо фармоиш диҳед. Пас аз қабул кардани моли Шумо дар анборамон, мо онро бо аввалин тайёраи дастрас ба Тоҷикистон мефиристем ва Шумо онро дар яке аз нуқтаҳои қабули молҳо  дар шаҳри Душанбе ё Хуҷанд гирифта метавонед.

2. Шумо ба мо пайвандҳои (ссылкаҳои) молу маҳсулотеро, ки ба онҳо таваҷҷӯҳ доред, бо нишон додани андозаи аниқи он, ранг, модел ва ғайра мефиристед. Баъдан арзиши моли интихоб кардаатонро ба суратҳисоби мо пардохт мекунед. Мо ба мағоза фармоиш карда моли интихоб кардаатонро мехарем. Пас аз қабул кардани моли Шумо дар анборамон, мо онро бо аввалин тайёраи дастрас ба Тоҷикистон мефиристем ва Шумо онро дар яке аз нуқтаҳои қабули молҳо дар шаҳри Душанбе ё Хуҷанд гирифта метавонед.


Мӯҳлати таҳвил дар дохили Туркия ё ИМА аз мағозаи фурӯшанда вобаста аст. Вақти тахминии ҳамлу нақли молҳо аз анбори мо дар Истамбул ба Душанбе 4-6 рӯзи корӣ аст. Вақти тахминии ҳамлу нақли молҳо аз анбори мо дар Ню Йорки ИМА ба Душанбе аз 7 то 10 рӯзи корӣ аст.

Таҳвили мол аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд ба ҳисоби миёна 1-2 рӯзи корӣ мегирад.


Одатан, ҳангоми мустақилона харид кардан, Шумо бо кортҳои бонки худ ба монанди Visa ва Mastercard пардохт мекунед.

Ҳангоми пардохти фармоиши Шумо аз тарафи ширкати мо, Шумо бояд арзиши мол(ҳо) + комиссияи хизматрасониро пешпардохт намоед.  

Маблағи таҳвилро бошад Шумо метавонед ҳангоми қабули молатон дар офиси мо бо пули нақд ё бо кортҳои миллӣ пардохт намоед. 

Инчунин Шумо метавонед маблағи хизматрасонии таҳвили молатонро ба ронандаи мо ҳангоми қабул кардан, бо пули нақд ё тавассути QR рамз пардохт кунед.

Барои дигар шаҳрҳо, мо метавонем пеш аз интиқоли молатон бо воситаи суратҳисоби Алиф маблағро қабул намоем.


Хароҷоти интиқол ва таҳвили мол аз вазн ва андозаҳои он дар дохили баста вобастагӣ дорад. Нархномаи муфассалро Шумо метавонед дар бахши «Нархномаҳо» бубинед, ва ё аз Калкулятор истифода баред.

Агар вазни ҳаҷмӣ аз вазни ҷисмонӣ зиёд бошад, нархи боркашонӣ мувофиқи вазни ҳаҷмӣ муайян карда мешавад.

Вазни ҳаҷмӣ дар асоси андозаи бастаи боркашонӣ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад: дарозӣ (см) x бар (см) x баландӣ (см)/5000 = вазни ҳаҷмӣ (кг)


Бархе аз интернет-мағозаҳои хориҷӣ кортҳои бонкии Тоҷикистонро қабул накарданашон мумкин. Дар ин ҳолат, мо метавонем аз номи Шумо маблағи арзиши молро пешпардохт намоем. Барои ин ба Шумо танҳо лозим аст, ки ба мо истинодҳои (ссылкаҳои)  маҳсулоте, ки ба шумо маъқул аст, фиристонед. Комиссияи ин хизматрасонӣ 10 фоизи арзиши фармоишатонро ташкил медихад, камаш 50 сомони

Таҳвили бор дар ш. Душанбе бо воситаи ронандаи экспедитор — 15 сомонӣ, ё фармоишро аз офиси мо, ки дар суроғаи кӯч. Дӯстии халқҳо 62 ҷойшир шудааст, худатон мустақилона гирифта метавонед.   

Шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад дар давоми як моҳи тақвимӣ на зиёда аз як маротиба ба маблағи на зиёда аз 200 доллари ИМА (бо назардошти арзиши ҳамлу нақли он) ва вазни умумиашон на зиёда аз 50 кг ба таври имтиёзнок молҳои воридгардидаро, ки ба воситаи интернет-мағозаҳо харидорӣ намудааст ва барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари соҳибкорӣ таъин нагардидаанд, бо шарти пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти мол бевосита аз ҷониби ин шахси вокеӣ, декларатсия намояд.

Дар Ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид шудани молҳое, ки арзиши он аз ин маҳдудиятҳо зиёд мебошад, ба оасмиятдаррории ин гуна молҳо мувофиқи тартиби умумӣ татбиқ карда мешавад.


Хотиррасон мекунем, ки мо бо ҳамлу нақли молҳои яклухт ё молҳои барои тиҷорат таъиншуда фаъолият намебарем: мо танҳо молҳои чаканае, ки ба суроғаи шахсони воқеӣ ва танҳо барои истифодаи шахсӣ пешбинӣ шудаанд, интиқол медиҳем.


Номи ашё ва моддаҳои барои интиқол манъшуда

ЯРОҚ ВА ДУМАРИ ОНХО

• Силоҳи оташфишон, сигналӣ, пневматикӣ, газӣ, лавозимоти ҷангӣ, аслиҳаи канорӣ (аз ҷумла силоҳи партобкунанда), дастгоҳҳои электрошок ва шарораҳо, инчунин қисмҳои асосии силоҳи оташфишон, асбобҳои тарканда ва лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла гранатаҳои холӣ, снарядҳо ва дигар ашёи шабеҳ; инчунин думми ин гуна дастгоху объектхо.

• Бозича, таппончаи пневматикӣ.

• Қисмҳои силоҳи оташфишон, механизмҳо, лавозимот (дурбин, механизми оғозкунанда, болтҳо ва гайкаҳо). Ашёҳое, ки эҳтимолан ҳамчун силоҳ истифода шуда метавонанд, гарчанде ин ҳадафи мустақими онҳо нест (кордҳои ошхона), аз ҷумла ашёи ороишӣ (самбар, шамшер ва ғ.).


НИШОНАХОИ ПУЛӢ

• пулҳои коғазии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асъори хориҷӣ.

МАҲСУЛОТИ ЗАРГАРӢ

• Платина, тилло ё нуқра дар маҳсулот ё дар шакли хом (порчаҳо, хӯлаҳо), сангҳои қиматбаҳо, ҷавоҳирот ва дигар ашёи қиматбаҳо (бо эъломияи арзиш) металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо/нимқиматбаҳо.

АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИВУ МАДАНӢ

• Сарватҳои фарҳангӣ ва осори санъат.

ОРГАНИЗМХОИ ЗИНДА

• Паррандаҳои зинда, хояндаҳо, занбӯри асал, ҳашаротҳо, гулӯлаҳо, зуллукҳо ва кирми абрешим

• Растаниҳо ва тухмии онҳо

• Растаниҳои заҳрнок

ДОРУХО ВА МАХСУЛОТИ ТИББӢ

• Доруҳо, маҳсулоти тиббӣ ва таҷҳизоти тиббӣ.

• Доруҳое, ки дар таркибаш моддаҳои нашъадор, таъсирбахш ва психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро дорад

МОЛХОИ ХАВФНОК

• Маводи мухаддир (героин, кокаин, фентанил ва дигар моддаҳои кимиёвӣ, ки аз истеҳсоли маводи мухаддир хабар медиҳанд), маҳсулоти қалбакӣ, инчунин омехтаҳои тамокукашӣ, ки дорои яке аз компонентҳои зерин мебошанд: шалфей фолбин (Salvia divinorum), садбарги Ҳавайӣ (Argyreia nervosa), лотуси кабуд (Nymphaea caerulea).

• Моддаҳое, ки хатари биологӣ ё кимиёвӣ доранд.

• Маволҳои радиоактивӣ, тарканда, заҳрнок, каустикӣ, оташгиранда ва дигар моддаҳои хатарнок.  Лавозимоти ҷангӣ, тиру туфанг; моддахои тарканда, ки дар таркибаш моддахое мебошанд, ки ба нигох доштан ва кашондани онхо тобоваранд.

• Ашёҳое, ки аз рӯи табиат ё бастабандии худ метавонанд барои кормандони Хадамоти Aseshop ё аҳолӣ хатар эҷод кунанд, дигар боркашонӣ ва таҷҳизотро доғдор созанд ё вайрон кунанд.

• Дигар моддаҳои хатарнок, ки ба сифати моли хатарнок тасниф шудаанд (ҳама категорияи молҳои хатарнок).

БАТАРЕЯҲОИ АККУМУЛЯТОРӢ

• Элементҳои литийӣ ё батареяҳои литийӣ, литий-ионӣ ва металлӣ, ки аз таҷҳизот алоҳида фиристода мешаванд.

ДИГАР МАВОДҲО

• Ашёҳои дорои хусусияти фаҳш ё бадахлоқона, аз ҷумла маҳсулоти порнографӣ.

• Ҳуҷҷатҳо, мактубҳои оддӣ ва фармоишӣ, карточкаҳои почтавӣ, бандеролҳо, китобчаҳои амонатй, чиптаҳои ҳавпаймоӣ ва чиптаҳои роҳи оҳан, инчунин саҳмияҳои корхонахо, маркаҳои аксизӣ ва гайра.

• Нӯшокиҳои спиртӣ ва спиртдор, спирти этилӣ, пиво

• Ҳама намуди маҳсулоти тамоку ва омехтаҳои тамокукашӣ

• Ашёи қалбакӣ ва дуздӣ, нусхаҳои пиратии барномаҳои компютерӣ, нусхаҳои пиратии синамо ва аксҳо.

• ашёе, ки воридот ё муомилоти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

• Боқимондаҳои инсон, хокистар дар ҳама гуна шакл (аз ҷумла ҷанинҳои инсон, пласента ва хокистаре, ки ба ҷавоҳирот гузошта шудаанд).

• Маводҳои шикорӣ (пӯсти ҳайвонот, ҳайвонҳои пуршуда, шох, косахонаи сар ва ғ.).

• Молҳое, ки ба қуттиҳои почтавӣ, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои ислоҳӣ фиристода мешаванд.

• Маълумот дар воситаҳои чопӣ, аудиовизуалӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки воридот ва содироти он ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

• Воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ба таври махфӣ ба даст овардани маълумот пешбинӣ шудаанд, ки воридоти онҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти онҳо аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст;

– Узвҳо ва (ё) бофтаҳои инсон, хун ва ҷузъҳои он, ки барои интиқол аз сарҳади гумрукӣ ҳангоми воридот ва (ё) содирот маҳдуд карда шудаанд.

• Моддаҳои вайронкунандаи озон, ки воридоти онҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст

• Маводи ҳифзи растаниҳо, ки ба замимаҳои А ва В Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои органикии доимӣ аз 22 майи соли 2001 дохил мешаванд, ва воридоти онҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

• Ашёҳое, ки аз рӯи табиат ё бастабандии худ метавонанд барои кормандони хадамоти Aseshop хатар эҷод кунанд, молу таҷҳизоти дигарро, ки ҳангоми коркард, интиқол ва таҳвил истифода мешаванд, доғдор кунанд ё вайрон кунанд.

• Маводҳои дигаре, ки ба ақидаи хадамоти Aseshop, бехатарӣ ё қонунии интиқол барои онҳо таъмин карда намешавад.


Мақсади таъиноти молҳоро шахси мансабдори мақомоти гумрук вобаста аз хусусият, миқдор ва басомади ҳамлу нақли онҳо муқаррар мекунад.

Шахси мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми қабули қарор дар бораи таъиноти мол меъёрҳои зеринро ба асос мегирад:

Характери мол – дар ин ҳолат хусусиятхои истеъмолии мол ба назар гирифта мешавад, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти оилавию маишӣ таъин шудаанд, ки бо истифода ба мақсадҳои тиҷоратӣ алоқаманд нестанд;

Миқдори мол – моли якхела (бо як ном, андоза, шаклу фасон, ранг ва гайра) ба микдоре, ки аз эҳтиёҷоти шахси интиқолкунандаи мол ва аъзои оилаи ӯ баръало зиёд аст, ҳамчун моли барои фаъолияти тиҷоратӣ воридшаванда ба ҳисоб меравад;

Зудии ҳамлу нақли молҳо - аз ҷониби ҳамон шахс такроран интиқол додани моли якхела, ҳатто ба миқдори кам ҳам бошад, ҳамчун моли барои истифодаи тиҷоратӣ воридшуда ҳисобида мешавад, агар шахси интиқолдиҳандаи мол тартиби дигареро исбот накунад.


Top